БАРОИ МУАЛЛИФОН

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» мақолаҳои илмие, ки натиҷаи таҳқиқоти соҳаи илмҳои таърих ва бостоншиносӣ, филологӣ ва педагогиро фаро мегиранд, нашр карда мешаванд.

ТАЛАБОТ
ҷиҳати қабули мақолаҳо ба маҷаллаи илмии
«Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ»

Дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» мақолаҳои илмие, ки натиҷаи таҳқиқоти соҳаи илмҳои таърих ва бостоншиносӣ, педагогика ва филология нашр карда мешаванд.

Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, талаботи зеринро бояд доро бошанд:

  • мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмии муаллиф бошад;
  • мавзуи мақола бояд ба самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.

Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гуна мақолаҳо ба нашр роҳ дода намешаванд.

Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ: Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матн бо забони русию англисӣ ва забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 12, ҳошияҳо 2 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1 мм бошад.

Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 5 то 8 саҳифаро бояд дар бар гирад.

Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:

– номи мақола;

– насаб, дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Тошматов Х.Ф., Тошматзода Х.Ф.);

– номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;

– матни асосии мақола;

– ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [3, с.40]. Яъне, адабиёти №3 ва саҳифаи 40;

– нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд;

– рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 номгӯй ва на бештар аз 20 номгӯйи адабиёти илмӣ). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.

– баъди рӯйхати адабиёти истифодашуда: аннотатсия ва калидвожаҳо (аннотатсия на камтар аз 10 ва на бештар аз 20 сатр, калидвожаҳо аз 10 то 15 номгӯй);

– дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад:  насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишѓолнамуда, телефон, E-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф.

Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд тақризи мусбии мутахассиси соҳаи дахлдорро дошта бошанд.

Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки матни мақоларо таҳрир ва кӯтоҳ намояд.

Мақолаҳое, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нестанд, аз ҷониби ҳайати таҳририя барои нашр тавсия намегарданд.

Нишонӣ барои дастрасии маълумоти иловагӣ: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, кабинети №301

Маълумоти иловагӣ: www.vestnik.kgu.tj, тел: 918 48 44 05, нишонии электронӣ payom@kgu.tj